РАИСИ ВИЛОЯТ БО ВАЗЪИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ ШИНОС ШУД

Август 11, 2009 14:47

                   Хуҷанд, 11 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — Охири хафтаи гузашта раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, баъди дидор ва мулоқот бо сокинони ноҳияи Айнӣ, бо мақсади ошноии ҳарчи бештар аз вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ба шаҳри Панҷакент ташриф овард.                    Раиси вилоят нахуст яке аз ёдгориҳои бостонии Осиёи Миёна — мақбараи Муҳаммад Башороро, ки дар ҷанубу шарқи Панҷакент, дар деҳаи Мазори Шариф ҷойгир аст, зиёрат намуд.                    Тибқи иттилои сарчашмаҳои таърихӣ Муҳаммад Башоро аз бузургтарин ровии ҳадиси набавӣ ва каломи илоҳӣ буда, солҳои 782-866 умр ба сар бурдааст.Пас аз он сарвари вилоят аз хона-музейи шоири шинохтаи тоҷик Лоиқ Шералӣ дидан кард.                    Қоҳир Расулзода ба хона-музейи Лоиқ Шералӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, ба китоби хотиравии ин хона-музей соядаст гузошт. Инчунин, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, бо фаъолияти хоҷагии ниҳолпарварии шаҳри Панҷакент аз наздик ошно гашт.                   Хоҷагии мазкур аз соли 1936 ин ҷониб фаъолият менамояд. Он дорои 105 гектар майдони умумӣ, аз ҷумла 72,5 гектар замини обӣ буда, асосан бо парвариш ва фурўши ниҳолҳои меванок, ороишӣ, сояафкан ва сохтмонӣ машғул аст. Дар хоҷагӣ 30 нафар фаъолият мебаранд ва музди моҳонаи онҳо ба ҳисоби миёна 126 сомониро ташкил медиҳад. Гузашта аз ин аъзоёни хоҷагии номбурда хуқуқ доранд 30 фоизи даромади ниҳолҳои парвариш кардаашонро пас аз фурӯши он соҳиб шаванд.                 Дар айни замон хоҷагӣ барои фурўш зиёда аз 79 ҳазор ниҳоли тайёр дорад. Дар баробари ин хоҷагӣ барои дар оянда таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ тасмим гирифтааст, ки 113 ҳазор ниҳолро пайванд гузаронад.                 Зимни боздид Раиси вилоят ба роҳбарияти хоҷагӣ барои афзун намудани парвариши ниҳолҳо, аз ҷумла ниҳоли себи навъи ба истилоҳ канденсинаб, ки дар иқлими Панҷакент парвариши он мувофиқ аст, дастур дод. Дар ҷараёни мулоқот бо аъзоёни хоҷагӣ таъкид гардид, ки дар доираи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон — то соли 2011 дар миқёси вилояти Суғд бунёд намудани 20 ҳазор гектар боғу токзорҳои нав, масъулини соҳаҳои дахлдор дар Панҷакент низ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Баъди он раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо рафти корҳо дар ҶС «Лада-Мармар» ошноӣ пайдо кард.                   Корхонаи мазкур аз соли 1991 инҷониб фаъолият намуда, дар як сол то 15 ҳазор метри квадратӣ тахтасангҳои мармарин истеҳсол менамояд. Ҷамъияти саҳҳомии «Лада-Мармар» аз аввалин корхонаҳои ҷумҳурӣ мебошад, ки бо технологияи ҳозиразамони сохти Италия муҷаҳҳаз шудааст.                    Айни замон дар корхонаи мазкур 47 нафар, дар ду баст фаъолият дошта, дар як моҳ зиёдтар аз ҳазор метри квадратӣ тахтасанг истеҳсол мекунанд. Сарвари вилоят зимни боздид ба роҳбарони шаҳри Панҷакент дастур дод, ки барои муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ чораҳо андешанд                  Сипас Қоҳир Расулзода ба қасри фарҳанги шаҳр ташриф оварда, аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан намуд.                   Зимни боздид маълум шуд, ки айни замон корҳои сохтмониву васлкунӣ дар 6 қисмати ин иншоот 95 фоиз иҷро шудаанд ва баробари мавриди истифода қарор гирифтани қасри мазкур 77 нафар бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд. Қоҳир Расулзода ба роҳбарони дахлдор ва сохтмончиён супориши қатъӣ дод, ки ба сифати корҳо эътиборӣ ҷиддӣ диҳанд ва иншооти мазкурро дар мӯҳлати пешбинишуда барои истифода омода намоянд.                   Дар фарчоми боздид натиҷаҳои сафари кории раиси вилояти Суғд ба шаҳри Панҷакент бо ширкати фаъолон баррасӣ гаштанд.

Август 11, 2009 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!