РАСУЛ БОҚИВ ДАР МУСОБИ&#1178АҲОИ БАЙНАЛХАЛ&#1178Ӣ АЗ НОМИ РУСИЯ ШИРКАТ МЕВАРЗАД

Август 25, 2009 17:27

                        Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Мураббии шоистаи Федератсияи Русия, тренери варзишгари тоҷик Расул Боқиев, тренери калони дастаи дзюдочиёни ВКД Русия Владимир Елчанинов дар сайти www.judoclub.ru менависад, ки шогирди ӯ, варзишгари маъруфи тоҷик Расул Боқиеви 26 — сола ояндаи наздик шаҳрванди Русия гардида, дар мусобиқаҳои байналхалқию минтақавӣ аз номи ҳамин мамлакат иштирок хоҳад кард.                          Тавре хабар дода шуда буд, Расул Боқиев дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонии дзюдо дар Роттердам иштирок намекунад. В.Елчанинов сабаби инро шарҳ дода, гуфт, ки Расул Боқиев аз қадрдонӣ карда нашудани натиҷаҳои дар Олимпиадаи Пекин ба даст овардааш сахт ранҷидааст.                          Расул 26 — сола аст, вай то ҳол на мукофот мегираду на музди кор, — гуфт мураббӣ. — Бинобар ин мамлакатҳои гуногун ба мо пешниҳод карданд, ки дар мусобиқаҳои Олимпии Лондон дар соли 2012 аз номи онҳо иштирок намоем. Мо дар натиҷа Русияро интихоб кардем. Зеро худи В.Елчанинов шаҳрванди Русия буда, Расул Боқиевро дар Маскав ба олипиадаи Пекин омода сохтааст. Ба ақидаи мутахассисони соҳаи варзиши Русия айни ҳол дар ин мамлакат касе дар намуди варзиши дзюдо дар вазни 73 килограмм бо Расул Боқиев баробар шуда наметавонад.                     В.Елчанинов афзуд, ки то Олимпиадаи Лондон ҳанӯз се соли дигар боқӣ мондааст ва Расулро ба он ҳамаҷониба тайёр карда метавонад.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки пагоҳ дар Роттердам мусобиқаи қаҳрамонии дзюдо оғоз меёбад. Дар он аз Тоҷикистон варзишгарон Шералӣ Бозоров, Фарҳод Раҳимов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов иштирок хоҳанд кард.  

Август 25, 2009 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад