СӮҲБАТИ МУСТАҚИМИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ

Август 26, 2009 10:31

                     Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 27 август дар қароргоҳи маркази ширкати алоқаи телефонии мобилии «Билайн» сӯҳбати мустақими телевизионӣ баргузор мегардад. Дар он сухан дар бораи натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи ширкатҳои алоқаи телефонии «Вимпелком» дар давоми семоҳаи дуюм ва нимаи аввали соли 2009 меравад. Бояд гуфт, ки ширкатҳои «Билайн» ва «Таком» ба гурӯҳи ширкатҳои мазкур дохил мешаванд.                      Дар сӯҳбати мустақими телевизионӣ директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии «Вимпелком» Александр Торбахов, мудири кулли идории ҷамъияти саҳҳомӣ Борис Немшич, муовини иҷроияи ҷамъияти саҳҳомӣ дар мамлакатҳои ИДМ Дмитрий Плесконос, муовини иҷроияи ҷамъияти саҳҳомӣ Елена Шматова, муовини раиси ҷамъияти саҳҳомӣ дар масъалаҳои рушди тиҷорат Андрей Патока, муовини раиси ҷамъияти саҳомӣ дар масъалаҳои маркетинг ва фурӯш Кент Мак Нили ва директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии «Таком» Владимир Копил иштирок хоҳанд кард.                      Онҳо дар ҷараёни сӯҳбат ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ҷавоб хоҳанд дод.

Август 26, 2009 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар