СӮХТОРХОМӮШКУНАНДАГОН ДАР НИМАРОҲ МОНДАНД
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сӯхторе, ки дар маркази савдои «Гулистон» — и ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон рух дод, аз калонтарин сӯхтор дар минтақаи Кӯлоб буд. Кормандони қисми оташнишонии ноҳия сари вақт огаҳӣ ёфта ба ҷойи ҳодиса шитофтанд, аммо бо сабаби нарасидани сӯзишворӣ дар нимароҳ монданд. Ба гуфти сардори қисми оташнишонии ноҳияи Мӯъминобод Сафол Раҳимов, яке аз сабабҳои ба талаботи оташнишонӣ ҷавобгӯ набудани сохтмони маркази савдо, дар ҷойи ҳодиса мавҷуд набудани ҳавзи обгирӣ мебошад. Дар ин сӯхтор беш аз 70 ҳазор сомонӣ маводи хӯрока ва молу амволи тоҷирон ва соҳибкорон сӯхта нобуд шудааст. Ҳамчунин зарари аз сӯхтор ба бино расида қариб 40 ҳазор сомонӣ мебошад.Кормандони оташнишонии ноҳия чанд моҳ боз бо маош таъмин карда нашудаанд, гарчӣ дар ин бора ба идораҳои марбута борҳо муроҷиат карда шудааст. Вақте ки ҳавасмандию дилсӯзӣ нисбати коллективи коргарон вуҷуд надорад, дилгармӣ ҳам ба кор то ба ҳамон дараҷа кам мегардад,- мегӯяд сардор С.Раҳимов








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






