СӮИҚАСД БАРОР НАГИРИФТ

Август 28, 2009 10:17

                      Арриёз, 28 август. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). — Агентии иттилоотии Ассошиэйтед Пресс хабар медиҳад, ки чанд рӯз пеш дар ин ҷо ба ҷони валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бини Найёф сӯиқасд карда шуд.                      Як нафар террористи фидоӣ номи худро дар қабулгоҳи валиаҳд навишта, ният дошт, ки ӯро ба муносибати оғози моҳи Рамазон табрик намояд. Тибқи хабарҳои расида, террористи фидоӣ зимни наздик шуданаш ба валиаҳд моддаи таркандаро ба кор даровард, Валиаҳд дар натиҷаи таркиш танҳо сабук маҷрӯҳ шуду халос.                     Воситаҳои ахбори оммавӣ ин амалиётро ба мавқеи ҷиддии валиаҳд нисбати силоҳбадастон вобаста медонанд. Валиаҳди Арабистони Саудӣ ёвари вазири корҳои дохилӣ буда, ба ҳалли масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризм машғул мебошад.                                                                                   Тарҷумон — Қудратов А.    

Август 28, 2009 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад