САРВАРИ КИШВАР ЗАХИРАИ ДУ СОЛАИ ГАНДУМРО ЗАРУР МЕШУМОРАД
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Вазорати кишоварзии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ки барои аввалин бор дар муддати 18 соли охир ҳосили гандум дар ин кишвар ба беш аз як миллион тонна хоҳад расид. Ба гуфтаи мақомоти ин вазорат, дар чунин сурат Тоҷикистон метавонад ниёзи солонаи мардумро ба гандум аз ҳисоби маҳсулоти дохилӣ таъмин кунад. Муовини аввали вазири кишоварзии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Амиров, дар як нишасти матбуотӣ бо эъломи ин хабар гуфт, дар ҳоле ки мавсими дарави ғалла дар воҳидҳои кишоварзӣ ба поён мерасад, мизони тавлиди гандум дар бархе аз ин воҳидҳо дар ҷануби кишвар ба 60 сентнер аз ҳар гектар баробар шудааст. Ин дар ҳолест ки дар солҳои қаблӣ мизони тавлиди ғалладона дар воҳидҳои кишоварзӣ аз ҳар гектар дар ҳудуди 20 то 25 сентнер будааст. Бино ба гуфти Р. Амиров, "Бо далели мусоид будани ҳаво ва талоши кишоварзон дар соли ҷорӣ ҳосили гандум ва дигар маҳсулоти ғалладона хуб будааст. Ин дар ҳолест, ки Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон дар маҷлиси ҳукуматӣ аз мардуми ин кишвар даъват кардааст, ки маводи ғизоӣ, бахусус гандумро барои ду соли оянда захира кунанд. Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба идомаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти кишварҳои олам ва омилҳои дигаре чун ҳодисаҳои табиӣ — хушксолӣ ҳушдор намуд, ки таъмини маводи ғизоӣ дар ду соли оянда дар ҷаҳон ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Дар ҳамин маврид Исмат Ҷамолов, як кишоварзи тоҷик, мегӯяд омодааст аз ҳисоби гандуми киштаи худ маводи ғизоии ду солаи худро захира кунад. Ҳамзамон масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мизони коҳиши воридоти гандум ва ордро аз хориҷи кишвар ба маротиб камтар медонанд. Тибқи гузориши Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 186 ҳазор тонна гандум аз хориҷи кишвар ворид шудааст, ки ин дар муқоиса бо хамин давраи соли гузашта ба маротиб камтар аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулини корхонаҳои ғалла хостааст, ки ҳарчӣ бештар гандумро аз аҳолӣ харидорӣ ва захира намоянд. Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле аз мардуми кишвар барои захира кардани маводи ғизоӣ даъват мекунад, ки бархе аз сокинони кишвар бо ишора ба афзоиши қимати маводи ғизоӣ ба вижа, орду гандум, имконияти захира кардани маводи ғизоиро надоранд. Ҳамзамон бар асоси гузориши вазорати кишоварзии Тоҷикисон воҳидҳои кишоварзӣ дар соли ҷорӣ дар майдони 215 ҳазор гектор замин кишти тирамоҳии ғалладонаро анҷом додаанд, ки дар муқоиса ба соли гузашта ҳудуди 85 ҳазор гектор зиёд мебошад.








Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид






