СЕ ХУДКУШӢ ДАР ЯК ШАБОНАРӮЗ
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дар давоми шабонарӯзи гузашта дар мамлакат се ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, сокини 35 — солаи ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Ибодулло Бостонов, ки пеш аз ин мувофиқи моддаи 212 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи дурусти воситаҳои нақлиёт ҳабс шудааст, худро бо роҳи овехтан ба ҳалокат расонд. Ҳодисаи дуюми худкушӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ рух дод. Дар ин ҷо сокини ҳамин ноҳия Қаҳрамон Ғуломов хушкушӣ кард. Ғайр аз ин сокини 21 — солаи ноҳияи Ишкошим, донишҷӯӣ соли 2 — уми Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Роҳат Исматбекова худро ба дарёи Панҷ партофт. Ҷасади духтар то ҳол ёфт нашудааст. Ҷӯстуҷӯи он давом дорад. Аз рӯи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон ҳар сол аз 100 ҳазор нафар аҳолии мамлакат панҷ — шаш нафар худкушӣ мекунанд. Вале, ба қавли муҳаққиқони мустақил шумораи онҳое, ки ба худкушӣ даст мезананд, 2 — 3 баробар зиёд мебошад. Аз ҷумла, мутахассиси ҳамин соҳа Даврон Муҳаммадиев ба қарибӣ зимни машварати бахшида ба ҳамин мавзӯъ дар Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ баргузоргардида дар ин бора сухан ронда буд. Вай зикр кард, ки соли гузашта дар Тоҷикистон 540 ҳодисаи худкушии одамон ба қайд гирифта шуд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






