СЕРТИФИКАТИ ҚОНУНИГАРДОНИРО СУД ЭЪТИРОФ НАКАРД

Август 27, 2009 09:36

                   Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо қарори шаҳрдорӣ дар маҳаллаи «Буни Ҳисорак» Боғи миллӣ бунёд карда мешавад. Аммо бунёди боғ мушкилоти дигарро ба вуҷуд овард. Дар маҳали бунёди боғ 47 хоҷагӣ бо аҳли аёлашон, ки беш аз 200 нафар аҳолиро дар бар мегирад, зиндагӣ ба сар мебаранд ва дар ҳолати кӯчонидан онҳо бояд бо манзилҳои баробарарзиш таъмин шаванд.                   Ҳукумати шаҳр 33 хоҷагиро бо манзили зист ва замин барои сохтмон таъмин карда, 14 оила аз ин имтиёз бенасиб монд.                   Боиси тазаккур аст, ки ҳамаи 14 оила аз тарафи комиссияи қонунигардонии моликият дар ноҳияи Сино амволи худро қонунӣ гардонида соҳиби сертификат мебошанд.Суди ноҳияи Сино сертификати ҳамаи онҳоеро, ки бо даъво дар бораи кӯчонидан аз манзил муроҷиат кардаанд, беасос дониста,дар бораи вайрон кардани хонаҳои зисти онҳо бе додани замини баробарарзиш қарор қабул намуд.                  Раиси комиссияи қонунигардонии молу мулки ноҳия М. Носиров тасдиқ мекунад, ки сертификатҳои сокинони маҳаллаи «Буни Ҳисорак» асосҳои қонунӣ доранд, аммо суд метавонад эътироз орад.  

Август 27, 2009 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд