ШИНОСНОМАҲОИ БИОМЕТРӢ ҶОРӢ КАРДА МЕШАВАД

Август 27, 2009 09:55

                      Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва муовини раиси ширкати «Миҳлбайер» — и Олмон Людвиг Хубер дирӯз дар шаҳри Душанбе дар бораи тайёр кардани шиносномаҳои биометрӣ ва дастгоҳҳои дахлдори он қарордод имзо намуданд.                      Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ширкати мазкур дар озмуни гузаронидаи Агентии хариди давлатии молу корҳо, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ғолиб омада буд.                     Шиносномаҳои биометрӣ дар Тоҷикистон мувофиқи меъёрҳои байналмилалии Созмони байналхалқии ҳавонавардии мулкӣ ва санадҳои дигари ҳуқуқӣ ҷорӣ карда мешаванд.

Август 27, 2009 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад