СОБИҚ АФСАРИ ГОРДИ МИЛЛӢ БАРОИ ҚАЛЛОБӢ БА ҲАБС ГИРИФТА ШУД

Август 26, 2009 08:52

               Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ рӯз то рӯз беҳтар мегардад.               Қаллобӣ яке аз ҷиноятҳоест, ки нисбатан характери умумӣ пайдо мекунад ва садҳо одамони сустиродаро қаллобон ба боварии худ дароварда, пулу молашонро аз худ мекунанд.               Ба раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон дар бораи ҳаракатҳои қаллобии истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, собиқ афсари Горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадулло Исоев, соли таваллудаш 1988 ариза ворид гардид.                Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ номбурда, ки худро аз наздикони кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муаррифӣ намуда, барои аз маҳбас озод намудани бародари шахси ба фиреб афтода 5200 доллари амрикоӣ гирифта ғайб зада буд, дастгир гардид.                Ҳоло нисбати М. Исоев бо аломатҳои моддаи 247 қ.4, КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.  

Август 26, 2009 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид