СОЛИ ХОНИШИ НАВ БО МАКТАБҲОИ НАВ

Август 26, 2009 08:40

                 Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ин рӯзҳо дар доираи бунёдкориҳо дар шаҳру деҳоти Панҷакент даҳҳо иншооти нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.                  Бино ба иттилои роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, танҳо бо ёрии соҳибкорони маҳаллӣ ғайр аз иншооти нақшавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 30 иншооти иловагӣ сохта шуд.                 Танҳо дар 2 — 3 соли охир аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ 23 млн. 550 ҳазор сомонӣ барои корҳои ободонӣ ҷудо карда шудааст.                  Дар соли хониши 2009 — 2010 дар деҳаи Ути Баланд барои 3229 хонанда мактаби замонавӣ мавриди истифода қарор мегирад. Дар деҳаи Ровиддин бошад, сохтмони мактаб барои 100 нафар хонанда ба охир расид.                Дар соли хониши нав, ҳамчунин, омӯзишгоҳи тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои худи омӯзишгоҳ тармиму азнавсозӣ мешавад.  

Август 26, 2009 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад