ТАҶЛИЛИ 60 — СОЛАГИИ КУМИТАИ ҲИФЗИ СУЛҲИ ШӮРАВӢ

Август 27, 2009 14:36

               Маскав, 27 август. (АМИТ «Ховар» — ОРГ.ру). — Расо 60 сол пеш, 27 августи соли 1949 дар Маскав маҷлиси нахустини Кумитаи ҳифзи сулҳи Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардида буд. Ҳамон вақт инчунин Конфронси умумииттифоқии тарафдорони сулҳ баргузор гардид, ки дар он 1200 нафар меҳмонон ва вакилон — намояндагони тарафдорони сулҳи 14 мамлакат ҳузур доштанд.               Рассоми машҳур Пабло Пикассо ба муносибати Анҷумани нахустини ҷаҳонии тарафдорони сулҳ нишони рамзии онро тайёр намуд. Нишони рамзии Анҷумани ҷаҳонии тарафдорони сулҳ кабӯтари сафеди дар нӯлаш шохчаи дарахти зайтундошта буд. Ин рамзи сидқу сафо, тозагӣ ва софдилии халқҳои ҷаҳон мебошад.               Моҳи марти соли 1950 дар Стокголм анҷумани ҷаҳони тарафдорони сулҳ баргузор гардид. Дар он муроҷиатнома дар бораи манъи аслиҳаи атомӣ ва истифодаи он қабул гардид. Дар зери муроҷиатномаи мазкур бештар аз 115 миллион сокини ИҶШС имзо кард.              Дар давраи бозсозии Горбачёв дар Кумитаи ҳифзи сулҳи ИҶШС гурӯҳҳо ва шӯъбаҳои гуногун ташкил карда шуданд. Соли 1992 Кумитаи Шӯравии ҳифзи сулҳ ба Федератсияи сулҳу созгорӣ табдил ёфт.

Август 27, 2009 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад