ТАҶЛИЛИ ИДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Август 25, 2009 11:45

                  Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). — Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон қарор дод, ки бахшида ба Иди истиқлолияти Ӯзбекистон ва ҷашни 2200 — солагии шаҳри Тошканд дар Душанбе силсилаи ҷамъомадҳои ботантана гузаронад.                  Аз ҷумла, 28 август дар Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоишгоҳи калони китоб кушода мешавад, ки дар бораи таърих ва ҳаёти имрӯзаи мардуми Ӯзбекистон нақл мекунад. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоисломов, намояндагони зиёиёни эҷодкори мамлакат, созмонҳои байналхалқӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ ширкат меварзанд.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки миллатҳои сокини Ӯзбекистон 1 сентябр 18 — солагии ташкили давлати мустақили худро ҷашн мегиранд. Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 31 августи соли 1991 эълон шуда буд. Аз ҳамон сол ин ҷониб 1 сентябр ҳамчун иди давлатӣ таҷлил карда мешавад.                  Имсол инчунин 2200 — солагии пойтахти Ӯзбекистон — шаҳри Тошканд ботантана ҷашн гирифта хоҳад шуд.

Август 25, 2009 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад