ТАҶЛИЛИ ИДИ КАСБИИ ДУХТУРОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Хуҷанд, 19 август. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Дирӯз дар толори Шифохонаи муттаҳидаи шаҳрии № 1 шаҳри Хуҷанд ба муносибати Иди касбии кормандони соҳаи тиб ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Сардори раёсати тандурустии вилоят Ҷалил Тошматов дар бораи дастовардҳои соҳаи тиб дар қисмати шимолии мамлакат ва тадбирҳои давлату маъмурияти вилоят барои пешрафти соҳа сухан ронд.Вай зикр намуд, ки имрӯз дар 908 муассисаи тиббии вилоят 4337 духтур, 11564 корманди миёна ва 6328 корманди хурди тибб фаъолият мекунанд. Аз ин ҷумла, 73 нафар доктор ва номзади илми тиб мебошанд. Ҷалил Тошматов афзуд, ки соли равон дар вилоят 27 муассисаи тиббӣ тармим карда, якчанд марказҳои саломатӣ бунёд карда шуданд. Имсол дар арафаи иди Наврӯз дар вилоят маркази нави компютерию томографӣ ба кор шурӯъ намуд. Барои амалӣ сохтани барномаҳои миллии соҳаи тандурустӣ, инчунин ривоҷ додани тибби оилавию хусусӣ корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Муовини раиси вилоят Ваҳҳоб Набиев ҷамъомадагонро аз номи раиси вилоят табрик намуд. Ба шарафи Иди кормандони соҳаи тиб ба 18 нафар кормандони муассисаҳои тиббии вилоят барои кори бенуқсонашон аз номи раиси вилоят изҳори ташаккур карда шуд.18 нафари дигар бо ифтихорномаҳои Вазорати тандурустӣ ва 25 нафар бо нишонҳои «Аълочии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор гардиданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






