ТАЙЁРӢ БА МУСОБИҚА
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дастаи футболбозони «Вахш»-и шаҳри Қӯрғонтеппа дар доираи тайёрӣ ба қисми дуюми мусобиқоти қаҳрамонии дастаҳои футболи лигаи олии мамлакат дар шаҳри Қайроққум машқ мекунанд. Қисми дуюми мусобиқоти қаҳрамонӣ 5 сентябр оғоз меёбад. Машқи футболбозон то 14 август давом мекунад. Онҳо дар давраи машқ панҷ вохӯрии рафиқона мегузаронанд. Аз ҷумла дастаи футболбозони «Вахш» бо дастаҳои «Энергетик», «Истиқлол»-и пойтахт, «Сомонком»-и шаҳри Хуҷанд ва дастаи футболбозони «Парвоз»-и ноҳияи Б. Ғафуров ва дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон қувваозмоӣ хоҳанд кард.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






