ТАЛАБАГОН ФАННИ НАВРО МЕОМӮЗАНД

Август 18, 2009 11:39

                   Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- аз соли нави таҳсил Сар карда, талабагони синфҳои 9-уми мактабҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ фанни нави «Маърифати ислом»-ро меомӯзанд. Дар ин бора муовини сардори раёсати томактабӣ ва мактабҳои миёнаи умумии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ҳамза Наврӯзов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.                    Ҳ. Наврӯзов афзуд, ки мувофиқи барномаи «Китоб ва кадрҳо» 390 нафар муаллимони таърих ва адабиёт курсҳои тахассусиро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ мегузаранд.                   Фанни мазкурро муаллимони илмҳои дунявӣ дарс медиҳанд. Ин иқдом имконияти ба мактабҳо роҳ ёфтани ташвиқотчиёни диниро пешгирӣ менамояд, қайд кард Ҳ. Наврӯзов. Талабагон фанни «Маърифати ислом»-ро омӯхта дар бораи таърихи дин, таърихи Қуръон, дар бораи пайғамбар Муҳаммад маълумоти зарурӣ ба даст меоранд. Омӯзиши фанни нав хусусияти тарғиботи динӣ надошта, талабагонро ба муқобили динҳои дигар равона намесозад.                   Ҳ. Наврӯзов зикр намуд, ки фанни «Маърифати ислом» аз соли таҳсили оянда сар карда, дар мактабҳои русзабон низ омӯхта хоҳад шуд.                                                                                                 Тарҷумаи Зебо Иноятова  

Август 18, 2009 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад