ТАРМИМИ ТЕРМИНАЛИ ФУРӮДГОҲ

Август 5, 2009 14:32

                        Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Чанд рӯз пеш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Фаронса дар бораи сохтмони терминали нави байналхалқии фурӯдгоҳи Душанбе протокол имзо карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз фурӯдгоҳи байналхалқии Душанбе хабар доданд.                       Барои сохтмони терминал 27 миллион евро сарф карда мешавад, ки 20 миллион еврои онро ҷониби Фаронса ва 7 миллион евроро ҷониби Тоҷикистон ҷудо хоҳад кард.                      Айни ҳол, бо ширкати «КОВОК»-и Фаронса дар бораи тармиму таҷдиди терминали фурӯдгоҳи байналхалқии Душанбе гуфтушунид карда мешавад.                      Ширкати мазкур яке аз корхонаҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизоти назорати ташкил ва парвози ҳавопаймоҳо мебошад. Таҷҳизоти мазкур ба Тоҷикистон ба тариқи нася бо шарти пардохти маблағи он дар давоми 2 сол фурӯхта мешавад.                       Ин имкон медиҳад, ки таҷҳизоти нави замонавӣ мавриди истифода қарор дода, сифати хизматрасонӣ ба мусофирон беҳтар карда шавад.                       Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ғайр аз ин ояндаи наздик дар фурӯдгоҳи байналхалқии Душанбе сайти алоҳидаи интернетӣ кушода хоҳад шуд. Тарҷумаи Зебо Иноятова 

Август 5, 2009 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад