ТАШАББУСИ «КАЙНАК» ДАР СОЛИ НАВИ ХОНИШ

Август 27, 2009 15:15

              Душанбе, 27 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар арафаи соли нави хониши 2009-2010 шӯъбаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Кайнак», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 95-и пойтахт бо ташшаббус баромад карда, арзиши маҳсулоти ба фурӯшгузоштаашро арзон кард.              «Ин иқдом мегӯяд муовини директори шӯъбаи ҶДММ «Кайнак» Яҳё Тамгуч бо мақсади дар шароити бӯҳрони молиявӣ ба толибилмону донишҷӯён ва дигар кормандони идораю корхонаҳои Тоҷикистон дастрас кардани воситаҳои таҳрирӣ бо нархи нисбатан арзон мебошад.              Арзиши маҳсулоти воситаҳои таҳрирӣ то 20-25 % арзон карда шудааст. Маҳсулоти ба фурӯшгузошташуда истеҳсоли ширкатҳои асбобҳои таҳририи Олмон, Туркия, Чин, Малайзия, Австрия ва дигар кишварҳои пешрафта буда, аз лиҳози сифат рақобатпазир ва афзалият дорад. Мо дар оянда ният дорем, ки барои бачаҳои то синни мактабӣ дар доираи ҳамкорӣ бо нашриётҳои Тоҷикистон фурӯши китобҳои бачагонаро, хусусан китобҳои афсонавиро ба забони тоҷикӣ ба роҳ монем, афзуд Я.Тамгуч.             Бояд зикр кард, ки шӯъбаи ҶДММ «Кайнак» яке аз шабакаҳои ин ҷамъият дар Тоҷикистон буда, аз соли 2003 инҷониб дар Душанбе фаъолият дорад. Ҷамъияти «Кайнак», ки маънояш сарчашма аст, соли 1999 дар Туркия созмон дода шудааст. Шабакаи «Кайнак» дар сатҳи байналмилал васеъ буда, дар 15 кишвари дунё, ба мисли кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Гурҷистон, Руминия, Албания, Ҷумҳурии Мисри Араб ва ғайра намояндагии худро ифтитоҳ кардааст.

Август 27, 2009 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад