ТОҶИКИСТОН ТО СОЛИ 2020 АЗ МИНАҲО ТОЗА ХОҲАД ШУД

Август 28, 2009 10:37

                 Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сарвари Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо Ҷонмаҳмад Раҷабов, то соли 2009 баҳри безарарсозии заминҳои минакоришудаи ҳудуди кишвар корҳои зиёде анҷом дода шуданд.                 Боис ба ёдоварист, ки аз соли 2004 то моҳи августи соли ҷорӣ зиёда аз 900 нуқтаи аҳолинишин дар ҷумҳури мавриди санҷиши умумӣ қарор гирифта, беш аз 500 қитъаи хатарнок ошкор карда шуд ва 2 млн. 700 метри мураббаъ майдон дар минтақаи ҷанубӣ — шарқии кишвар аз минаҳо тоза карда шуд. Бо вуҷуди он, масъалаи пурра тоза кардани минтақахои минакоришуда роҳи ҳалли худро наёфтааст.                 То ҳанӯз тақрибан 15 млн. метри мураббаи қаламрави кишвар таҳти хатари мина боқӣ мондааст.                 Бино ба иттилои ҳамин манбаъ барои то 1 — уми январи соли 2020 идома додани мӯҳлати амалиёти поксозии минаҳо дархости даҳсола омода карда шудааст ва он ба конфронси дуюм, ки охири сол дар Колумбия баргузор мегардад, барои дастгирӣ пешниҳод карда мешавад.  

Август 28, 2009 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад