ТУХМИПАРВАРӢ ДАР МӮЪМИНОБОД
Мӯъминобод, 10 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати кишоварзӣ аз ташкил намудани асотсиатсияиҳои деҳқонӣ дар ноҳияҳои кишвар ба даст овардани тухмии хушсифати маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва ба ин васила беҳтар намудани вазъи зиндагии кишоварзон мебошад. Дар ин замина Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бунёди хазинаи Оғохон таҳти Барномаи Ҷонибдории Инкишофи иҷтимоии манотиқи Кӯҳистон дар ноҳияҳои Шӯрообод, Мӯъминобод ва Ховалинги вилояти Хатлон як қатор корҳоро ба сомон расониданд. Вазорати кишоварзӣ ва фонди бунёди Оғохон пеш аз гузаштан ба кори амалӣ дар байни деҳқонони ноҳияҳои кӯҳистон омӯзиш гузарониданд, ки самараи хуб ба бор овард. Дар ноҳияҳои нобаршуда кишоварзон қоидаҳои агротехникиро сари вақт ба иҷро расонида ҳосили фаровон ба даст оварданд. Хусусан дар ноҳияи Мӯъминобод ду асотсиатсияи деҳқонон ба тухмипарварӣ машғул гардида, дар қитъаҳои таҷрибавӣ навъҳои гуногуни гандум, лубиёгӣ ва картошкаро парвариш намуданд. Дар натиҷаи омӯзиш ва таҷрибаҳои пай дар пай маълум гардид, ки на ҳамаи тухмиҳо ба шароити иқлими ноҳияҳои кӯҳистони ҷануби вилояти Хатлон мутобиқанд. Ба касалиҳои гуногун дучор шудани навъи картошкаи «кардинал» ва тухмиҳои гандуму лубиёгӣ дар кори деҳқонон мушкилӣ пеш овард. Аз ин рӯ, мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки навъҳои тухмии тавсияшавандаро истифода бурдан муфид аст.Бояд қайд намуд, ки дар ташкил ва маблағгузории асостсиатсияҳои «Хӯшаи заррин» ва «Био-тех» дар баробари ҳокимияти маҳаллӣ Фонди бунёди Оғохон ва ташкилоти ғайридавлатии Каритас-и Швейсария нақши калон доранд. Ҳамакнун аъзоёни асотсиатсияҳо мақсад доранд қитъаҳои тухмипарвариро васеъ намуда, дар истеҳсол таъмини кишоварзони мамлакат бо тухмии хушсифати гандуму лубиёгӣ ва картошка саҳми арзандаи худро гузоранд. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф дар ноҳияҳои Шӯроободу Мӯъминобод ва Ховалинги вилояти Хатлон ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шудааст.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






