ТУННЕЛИ ШАРШАР БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Комиссияи давлатӣ 25 август ба сифати кори туннелсозон баҳои мусбат дод. Дар он гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини аввали вазири нақлиёт ва алоқаи мамлакат Ҷумъахон Зуҳуров ширкат варзид.Ҷ.Зуҳуров ба мутахассисони Корпоратсияи роҳҳои оҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин, коргарону мутахассисони маҳаллӣ ва ҳамаи сохтмончиён миннатдорӣ изҳор намуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки сохтмони туннел соли 2006 шурӯъ гардида буд. Туннели мазкур як қисми роҳи мошингарди «Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ — Мурғоб — Қулма» мебошад. Барои тармиму таҷдиди роҳи мазкур тибқи созишномаи Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин 118 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда буд. Барои сохтмони туннели Шаршар бештар аз 12 миллион сомонӣ сарф карда мешавад. Тавассути туннели Шаршар ҳаракати нақлиёт тамоми фаслҳои сол таъмин карда хоҳад шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






