ВАЗЪИ ҲАВО
Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Имрӯз дар саросари мамлакат ҳавои ғуборолуд ва дар баъзе минтақаҳо бориши боронҳои кӯтоҳмуддат мушоҳида карда мешавад. Сардори Маркази ҳавосанҷии Муассисаи давлатии ҳавошиносии ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева зикр намуд, ки тағйир ёфтани вазъи ҳаво ба дохил гардидани ҷараёни шадиди ҳавои сарди шимолӣ ба фазои мамлакат вобаста мебошад. Шамоли сахт миқдори зиёди хоку регро аз самтҳои Туркманистон ва Афғонистон ба фазои мамлакатҳои дигари минтақа ворид сохт. Ба қавли ҳавошиносон аз пагоҳ сар карда, ҳавои ҷумҳурӣ тадриҷан софу беғубор хоҳад гашт. Дар баъзе минтақаҳо имконияти боридани боронҳои кӯтоҳмуддат боқӣ мемонад. Ҷ.Байдуллоева зикр намуд, ки аввали моҳи сентябр боридани боронҳо пешбинӣ карда мешавад. Тарҷумон — Қудратов А.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






