ЯРМАРКАҲОИ МУВАҚҚАТИИ ЛАВОЗИМОТИ МАКТАБӢ
Душанбе, 25 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар чор ноҳияи пойтахт 21 адад хаймаҳои муваққатии фурӯши лавозимоти мактабӣ созмон дода шуд, ки онҳо то 8-уми сентябр фаъолият менамоянд. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Ниёзбек Қаландаров ин иқдом дар асоси қарори ба тасвибрасонидаи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар арафаи соли нави хониш андешида шудааст. Фаъолияти чунин ярмаркаҳои муваққатӣ имкон медиҳанд, ки мактаббачагони пойтахт бо асбобу анҷоми хониш таъмин гарданд. Ташкили ярмаркаҳои мактабӣ дар ноҳияҳои пойтахт дар асоси лоиҳаи ангорӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва соҳибмулкони бозорҳои хусусӣ мувофиқа шудааст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






