ЗАМИНҲОИ КИШТ ВАСЕЪ МЕШАВАНД
Бадахшон, 1 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Ба мақсади амалӣ намудани карори раиси вилоят дар бобати ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои корам дар шаҳру навоҳии ВМКБ корҳои муайян сомон дода мешаванд. Тавре аз идораи кишоварзии вилоят иттилоъ доданд, тибқи нақша тирамоҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ванҷ 80, Ишкошим 70, Дарвоз 50, Ротшқалъа 15 гектар заминҳои нави кишт мавриди истифода қарор хоҳанд ёфт. Ба ақидаи коршиносон бо вусъати корҳои мелиоративӣ, беҳтар намудани фаъолияти идораҳои об таъмиркунӣ солҳои наздик дар вилоят қариб 5 ҳазор гектар замин қобили кишт гардонда мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






