ҚАРЗИ БОНКҲО БА ХОҶАГИҲОИ ПАХТАКОРИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Сентябрь 10, 2009 11:45

                Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Хоҷагиҳои пахтакори вилояти Суғд то имрӯз танҳо 71 фоизи қарзи имтиёзноки бонкҳоро баргардонданд, ки дар давоми соли 2008 тавассути вазорати молия дода шуда буд.                 Қарзҳои мазкур ба хоҷагиҳои вилоят барои ба роҳ мондани фаъолияташон ва пешрафти соҳаи пахтакорӣ барои яку ним сол дода шуда буд. Фоидаи солонаи қарз 18 фоизро ташкил медиҳад. Тибқи пешниҳоди ҳукумати мамлакат мӯҳлати бар гардондани қарзҳо то 1 ноябри соли равон дароз карда шуд.                Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки соли равон бонкҳои ҷумҳурӣ ба хоҷагиҳои пахтакори вилояти Суғд 26,9 миллион сомонӣ қарз доданд.

Сентябрь 10, 2009 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад