ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МАЪЛУМОТИ МАХФӢ

Сентябрь 7, 2009 16:55

                Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Рӯзҳои 8 ва 10 сентябр дар шаҳри Минск маҷлиси навбатии гурӯҳи коршиносони ИДМ баргузор мегардад. Дар он лоиҳаи созишномаи ҳифзи маълумоти махфӣ ва қоидаҳои ба ҳамдигар додани маълумоти махфӣ дар мақомоти ИДМ такмил дода ва мувофиқа карда мешаванд.               Ҳадафи созишнома таъмини муҳофизати маълумоти махфӣ дар мамлакатҳои ИДМ ва маълумоти марбут ба ҳамкорӣ дар доираи ИДМ додашавандаю гирифташаванда мебошад.                Дар лоиҳаи қоидаҳо талабот ба шахсони ваколатдор, ки бо маълумоти махфӣ сару кор доранд, вазифаҳои онҳо, тартиби ба даст овардан, муайян намудани дараҷаи махфӣ будани маълумот, қоидаҳои нигоҳ доштан, таҳти назорат қарор додан ва ба ҳамдигар додани маълумоти махфӣ муқаррар карда шудаанд.                Мухбири АМИТ «Ховар» ха+бар медиҳад, ки дар маҷлис намояндагони Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок менамоянд.

Сентябрь 7, 2009 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад