ҲАМКОРИҲОИ НИЗОМИИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД
Душанбе, 28 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ», «Оид ба ворид намудани тағийру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 28 сентябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев баргузор шуд, баррасӣ гардиданд. Аз маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа ҳамчунин Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оиди ба нақшагирии муштараки истифодаи кӯшун ( қувва) ба манфиати таъмини амнияти дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, Созишнома ба ҳимояи мутақобилаи ҳуқуқ ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, ки дар раванди ҳамкориҳои ҳарбӣ- иқтисодӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба даст омадаанд, истифода мешаванд, Созишнома дар бораи тайёр намудани кадрҳо барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сӯхторнишонӣ, садамавӣ ва наҷотдиҳӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои СААД ва Қарор оиди Барномаи ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон барои солҳои 2007-2010 баррасӣ гардиданд. Зимни тавзеҳи масъалаҳои зикршуда, раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Абдуманнон Холиқов, Абдураҳмон Азимов ва Додихудо Саймиддинов иброз доштанд, ки санадҳои мазкур бо мақсади ҷалби шаҳрвандон ва шахсони касбу кори гуногун барои ҳифз ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва рушду густариши робитаҳои Тоҷикистон Россия дар заминаи таъмини амният дар қаламрави ду кишвар дар доираи СААД, ИДМ ва дигар созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ таҳия шудааст.








Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






