Ҳ.КАРЗАЙ МУХОЛИФОНАШРО БА МУСОЛИҲА ДАЪВАТ МЕКУНАД
Кобул, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар» — афғон.ру). – Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай дар ҷамъомади бахшида ба иди Рамазон дар Қасри президент – «Арки Кобул» ҳамаи дастаҳои мухолифини мусаллаҳ, аз ҷумла, ҷунбиши «Толибон» — ро даъват намуд, ки тарки аслиҳа намуда, ба хонаҳояшон баргарданд ва зиндагии осоиштаро пеш гиранд. Ҳ.Карзай зикр намуд, ки дар мавриди тасдиқи пирӯзиаш дар интихоботи президент ба гуфтушунид бо «Толибон» шурӯъ хоҳад кард. Воситаҳои ахбори оммавии Афғонистон як рӯз пеш аз иди Рамазон номаи роҳбари маънавии ҷунбиши «Толибон» Мулломуҳаммад Умарро чоп карда буданд. Роҳбари «Толибон» даъват мекунад, ки тамоми қисмҳои ҳарбии хориҷӣ аз Афғонистон бароварда шаванд ва онҳое фаромӯш карда нашаванд, ки дар натиҷаи бомбаборонҳои тахминии амрикоиён ҳалок гардидаанд. Бояд гуфт, ки изҳороти роҳбари «Толибон» ба вазъияти содир гардидани амалиёти террористӣ ягон таъсир нарасонд. Хабар дода мешавад, ки як рӯз пеш аз иди Рамазон дар вилояти Кандаҳор бар асари таркиши мина ду хизматчии ҳарбӣ ва се сокини маҳалӣ ҳалок гардиданд. Қайд кардан лозим аст, ки «Толибон» қабл аз ин ҳам даъватҳои ҳукумати Афғонистонро дар бораи мусолиҳа рад карда буданд. «Толибон» талабҳое пеш гузоштанд, ки онҳоро на ҳукумати Кобул ва на иттифоқчиёни хориҷии он қабул карда наметавонистанд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






