АЗ ҚИСМҲОИ ҲАРБӢ ДИДАН КАРДАНД
Бадахшон, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Бо мақсади аз наздик шинос шудан ба ҷараёни адои хизмат дар Артиши миллӣ гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, волидайн аз ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, Кумитаи ҳифзи сарҳадот дидан ба амал оварданд. Нахустин чунин дидор дар қисми низомии Вазорати дифоъ, ки дар Теппаи Самарқандии ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ аст, рӯи кор омад. Дар ин ҷо намояндагони тамоми манотиқи кишвар ба хотири осоиштагию амонии кишвар адои хизмат мекунанд. Миёни онҳо ҷавонони Бадахшон низ кам нестанд. Барои аскарон дар ин қисм тамоми шароитҳои зиндагӣ фароҳам оварда шудааст. Дар қисми низомӣ хоҷагии ёрирасон мавҷуд аст, ки маҳсулоти полезӣ, аз ҷумла сабзавоти тару тозаи худӣ доранд. Ҳамчунин ба хотири фароғати ҳомиёни Ватан ҳавзи замонавӣ, майдончаи варзишӣ мавҷуд аст. Гурӯҳи корӣ инчунин аз қисмҳои ҳарбии мустақари шаҳри Душанбею Қӯрғонтеппа, ноҳияи Турсунзода дидан намуданд. Муҳити хизмат дар ҳама ҷо писанди волидайн аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






