БАРНОМАИ КОНСЕРТӢ БО ИШТИРОКИ ҲУНАРПЕШАГОНИ ШИНОХТА

Сентябрь 4, 2009 11:51

                Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 18-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 сентябр дар Кохи Борбад барномаи консертӣ баргузор менамояд.                 Дар он аз ҷониби ҳунарпешагони шинохта аз ансамблҳои «Дарё», «Фалак», «Шашмақом», Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев ва овозхонони эстрада Б. Иброҳимов, Д. Қурбонова, Ж. Шаинян, Шўҳрат Сайнаков, ҳамчунин аз Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, хонандагони мактаби махсуси мусиқии ба номи М. Атоев суруду таронаҳо аз эҷодиёти шоирони классик ва муосир садо хоҳанд дод.                Инчунин дар барномаи консертӣ дастаҳои рақсии «Зебо», «Рухшона», Гулрез«, «Лола» ва ансамблҳои рақсии кўдаконаи «Лаъл», «Ғунчаҳои пойтахт» ва гимнастикаи бадеии бачагонаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои рақсӣ пешниҳод мекунанд.               Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Сентябрь 4, 2009 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад