БАРНОМАИ «ОҒОХОН » ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТРО ҶОНИБДОРӢ МЕНАМОЯД
Кӯлоб, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холлов). — Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон « Оғохон »- и дар минтақаи Кӯлоб буда дар се ноҳия : Муъминобод, Шурообод ва Ховалинг амал карда ба оилаҳои камбизоат ёрии амалӣ мерасонад. Ҷиёнхон Зулфиев менеҷери барнома дар бастагӣ ба ин мавзуъ гуфт, ки барномаи мазкур асосан дар самтҳои кишоварзӣ, чорводорӣ, зироаткорӣ, рушди соҳибкорӣ, парвариши моли майда, мурғпарварӣ ва занбури асалпарварӣ равона гардида ҷомеаро ба ин корҳо сафарбар менамояд. Зулфиев афзуд, барнома аз соли 2004 то 2009 ба маблағи 600 ҳазор доллари амрикоӣ барои рушди соҳаи кишоварзи, 1 м 500 ҳазор доллар барои бахши инфраструктура (барқарор кардани купрукҳо ва таъмири роҳҳо) ва дигар корҳои рӯзмарраи мардуми ноҳияҳои кӯҳистонро ба итмом расонидааст. Гуфта мешавад, ки барномаи «Оғохон » ба 263 деҳа ва 18 ҷамоатҳои ноҳияҳои зикргардида ҳамкорӣ дошта нақша доранд дар оянда сохтмон ва таъмири мактаб, кашидани хати барқ ва трансформатор, сохтмони хати оби нӯшокӣ ва дигар корҳои сохтмониро дар се ноҳияи кӯҳистон ба итмом расонад








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






