БАРРАСИИ ИМКОНИЯТҲОИ СОҲАИ АВИАТСИЯ

Сентябрь 22, 2009 15:06

                 Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Чанде қабл дар Душанбе бо дастгирии ширкатҳои маблағгузори ҶСК «Ориёнбонк», ҶСК «Сомон Капитал», ҶММ «Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва КВД «Талко» ва бо дастгирии Ҳукумати ҶТ Конфронси байналхалқии «Молия баҳри рушди авиатсия» («Air Finance») баргузор гардид.                 Ҳадафи асосии гузаронидани чорабинии мазкур муҳокимаи имкониятҳое, ки ба соддагардонии низоми маблағгузории таҷҳизоти серҳаракат, кафолатҳои байналхалқӣ ва воситаҳои амнияти манфиатҳои қарздиҳандагони объектҳои ҳавопаймо гардида буд. Дар доираи конфронс маҳакҳои асосии Конвенсияи Кейптаун оиди кафолатҳои байналхалқӣ нисбат ба ҳуқуқ ба таҷҳизоти серҳаракат, аҳамияти аслии он дар чунин созишҳои байналхалқӣ бо объектҳои ҳавопаймо, ба монанди иҷораи молиявӣ, фурӯши пешакӣ бо нигоҳдории ҳуқуқи моликият ва таъмини иҷроиши ӯҳдадориҳо, инчунин масъалаю механизмҳое, ки тавакали қарздиҳандагон ва иҷорадиҳандагони таҷҳизоти ҳавопаймо, муҳаррикҳои авиатсионӣ ва вертолетҳоро кам менамояд, баррасӣ гардиданд.                 Дар конфронси «Air Finance» намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, институтҳои молиявӣ ва ширкатҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.

Сентябрь 22, 2009 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад