ДАР ДУШАНБЕ ФАЪОЛИЯТИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИРО БАРРАСӢ МЕКУНАНД

Сентябрь 22, 2009 14:49

                  Душанбе, 22 сентября. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Аз 24 то 25 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи чоруми якҷояи гурўҳҳои кории Тоҷикистону Россия дар доираи амалисозии Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҶТ дар ФР ва шаҳрвандони ФР дар ҶТ аз 16 октябри соли 2004, баргузор мегардад.                   Тавре аз маракази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар кори он намояндагони Хадамоти Федералии муҳоҷирати Россия, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.                   Дар назар аст, ки дар он оид ба ташкили кор ва ҳамоҳангсозии амалӣ байни Хадамоти Федералии Муҳоҷирати Россия ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ҶТ оид ба қабул ва бо кор таъмин кардани муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҶТ ба воситаи Маркази қабули муҳоҷирони меҳнат, мушкилоти гузариш аз ташхиси тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои рафтуокунанда ва истиқомат намудани онҳо, чорабиниҳои якҷоя ҷиҳати ҷалб кардани муташаккилона ва равон кардани муҳоҷирони меҳнатие, ки хоҳишманди амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд муҳокима хоханд кард.                   Ба ғайр аз ин, тарафҳо аз рафти амалисозиии Созишнома, оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷират назари Россияю Тоҷикистонро муҳокима намуда, аз он ҷумла бо назардошти таъсири бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, инчунин як қатор масъалаҳои барои ҳарду ҷониб манфиатбахш ва пешниҳодҳо дар бораи ҳамоҳангсозӣ ва инкишофи амалҳои муштарак бо мақсади баланд бардоштани танзими босамари раванди муҳоҷирати дуҷониба мубодилаи афкор менамоянд.  

Сентябрь 22, 2009 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад