ДАР СУҒД БА ШАРАФИ ҒОЛИБОН «ПАРЧАМИ ШАРАФ» БАРАФРОХТА МЕШАВАД
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар вилояти Суғд мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахта кор доир мегардад. Ин нуқта дар қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода «Оид ба саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаи соли 2009» зикр шудааст. Мутобиқи қарори мазкур сарраёсати кишоварзии вилоят дар якҷоягӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии вилоят барои баррасӣ намудани шартҳои мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор то 25-сенятбри соли равон, вазифадор шудаанд. Ҷамъбасти давраи аввали мусобиқаи меҳнатӣ санаи 10-октябри соли ҷорӣ муайян гашта, давраҳои минбаъдаи он дар ҳар 20 рӯз натиҷагирӣ ва дар маркази шаҳру навоҳии пахтакор ба шарафи ғолибон «Парчами шараф» барафрохта хоҳад шуд. Дар баробари ин, раиси вилоят бо имзои як фармоиш Маркази вилоятии корҳои фарҳангӣ, тарғиботу ташвиқотӣ ва дафтари матбуоти вилоятии «Ҳосил-2009»-ро таъсис намуда, масъулини онро вазифадор кард, ки барои инъикоси мунтазами маъракаи ҷамъоварии пахта ва ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ чораҳои мушаххас андешанд. Гуфтанист, ки ситоди вилоятии «Ҳосил-2009» таҳти раёсати раиси вилоят Қоҳир Расулзода таъсис ёфта, ҳамчунин ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят дастур дода шудааст, ки чунин ситодро ташкил намоянд ва кори пурсамари онро ба роҳ монанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






