ДУШАНБЕ ДАР ОСТОНАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ

Сентябрь 4, 2009 14:25

               Душанбе, 4 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Сокинону меҳмонони пойтахт ҷашни 18-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз гузаштаву имрӯзи миллат сазовор истиқбол мегиранд. Бо мақсади таҷлили бошукӯҳи ин санаи таърихӣ имрӯзҳо пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол қабои идона ба бар намуда, кӯчаву хиёбон ва марказҳои фарҳангу фароғатӣ бо шиору овезаҳои таҷассумгари дастовардҳои даврони истиқлол оро ёфтаанд.              Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар робита ба ин санаи фархунда як қатор чорабиниҳои гуногуни ҷашнӣ таҳррезӣ гардидааст. Аз ҷумла, 9 сентябр дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ҷамъомади тантанавӣ ва консерти устодони санъат баргузор мегардад. Инчунин, дар чор ноҳияи пойтахт сайругашти оммавии шаҳрвандон ва меҳмонон, дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ, «Дӯстии халқҳо» ва «Кӯли ҷавонон» барномаҳои фарҳангию консертӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодиву нонӣ ва хӯрокҳои миллӣ ташкил карда мешаванд.              Тибқи иттилои котиби матбуоти Раиси шаҳри Душанбе Ниёзбек Қаландаров, сокинону меҳмонони пойтахтро шоми 9 сентябр соати 20-30 дақиқа дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе барномаи ҷолиби идонаи консертӣ бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик, ки фарогири суруду тарона ва оҳангҳои ватандӯстию, хештаншиносӣ аст, интизор аст. Барномаи идонаи ҷашни 18-умин солгарди Истиқлоляити давлатӣ дар майдони «Дӯстӣ» бо дурахши шиллик (феерверк) ҳусни анҷом меёбад.

Сентябрь 4, 2009 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад