ГУМОНИ ХОМИ МАҶИД ИБРОҲИМОВ
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Баъзан нақшаҳои бо роҳи осон пул кор кардан одамро ба доми бало меандозад, аммо одам боз таваккал мекунад. Муовини сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд Маҷид Иброҳимов низ бо роҳи таваккал ба муттаҳам сохтани яке аз шаҳрвандони вилояти Суғд, ки номаш барои халалдор нашудани рафти тафтишот пинҳон нигоҳ дошта мешавад, хостори пайдо кардани 2,5 ҳазор доллари амрикоӣ шуд. Шаҳрванд «А» чун аниқ кард, ки нияти Маҷид Иброҳимов ҷиддӣ аст ва дар сурати иҷро накардани талабаш ӯро бо алоқа доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бо шахсони дигари ҷинояткор шарик хонданист, ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз болояш бо ариза муроҷиат намуд. Маҷид Иброҳимов аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳангоми гирифтани пора дастгир гардид. .








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






