ИДИ КИТОБ
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Имрӯз 4 сентябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи миллии китоб ҷашн гирифта мешавад. Тадбирҳои асосии идона дар китобхонаи миллии ба номи А. Фирдавсӣ баргузор мегардад. Аз ҷумла дар ин ҷо дар мавзӯи «Нақши китоб дар рушди истиқлолияти миллӣ ва фарҳанг» конфронси илмӣ-амалӣ гузаронида мешавад. Дар он мутахассисони соҳаи китобдорӣ, олимон, тадқиқотчиён ва донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ иштирок мекунанд. Конфронси мазкур ба ҷашни 18 солагии истиқлолияти Тоҷикистон бахшида мешавад. Инчунин дар китобхона намоиши китобҳое, ки дар давоми 18 соли истиқлолият чоп шудаанд, ташкил карда мешавад. Ин идро мо 2 сол боз ҷашн мегирем. Аз он рӯзе, ки Президенти ҷумҳурӣ хишти аввалро дар бинои нави китобхонаи миллӣ гузошт мо ин идро иди касбии китобдорони мамлакат мешуморем, қайд намуд директори китобхона Шариф Тошев.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






