КӮДАКОНИ МАЪЮБ БА ТАЪЛИМ ФАРО ГИРИФТА НАМЕШАВАНД

Сентябрь 28, 2009 10:09

                   Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба гуфти мутахассиси Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Соима Муҳаббатова, айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 19 ҳазор кӯдакони то 16 солаи имконияташон маҳдуд ба қайд гирифта шудааст.                      Раиси иттиҳоди миллии маъюбон Эсанбой Воҳидов, ба дуруст будани ин маълумот бо шӯбҳа менигарад. Бино ба гуфти ӯ мувофиқи конвенсияи қабулшудаи байналхалқӣ дар тамоми олам ҳар даҳум одам ба ягон навъи маъюбӣ гирифтор аст.                   Раиси фонди кӯдакони «Эҳё» Ҷамол Худододов, сабаби набудани маълумоти дақиқро дар он мебинад, ки нишондодҳои расмӣ ба шахсоне, ки аз рӯи маъюбӣ кӯмакпулӣ мегиранд, такя мекунанд. Бинобар ин аз рӯи ҳисоби оморӣ на ҳамаи кӯдакон аз қайди мактаб мегузаранд ё ба мактаб фаро гирифта мешаванд.                  Дар ноҳияи Восеъ мактаб барои кӯдакони ноқисулақл вуҷуд дорад, аммо барои кӯдакони нобино ва ношунаво мактаб вуҷуд надорад,(ба истиснои мактаби ношунавоёни ноҳияи Рӯдакӣ), ки бояд ҳуқуқи ба таълим фаро гирифтани онҳо риоя карда шавад.  

Сентябрь 28, 2009 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад