КӮМАКИ БОНКИ ҶАҲОНӢ ДАР СЕ СОЛИ ОЯНДА
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Киора Бронки, бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ мумкин аст боз 13 моҳи дигар идома ёбад, ки он дар ин муддат метавонад на танҳо ба давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта таъсири манфӣ дошта бошад, балки ба давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ суст инкишофёфта чун Тоҷикистон низ таъсири манфии худро расонад. Аз ин ҷиҳат, ба кӯмаки молиявӣ ниёз доштани Тоҷикистонро ба назар гирифта, Бонки Ҷаҳонӣ, ки яке аз ҳадафҳояш паст кардани таъсири манфии бӯҳрони молиявӣ ба Тоҷикистон аст, дар доираи лоиҳаи стратегияи кӯмакҳо ба Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2013 беш аз 60 млн. доллари амрико кӯмак хоҳад кард. Боиси тазаккур аст, ки бонки мазкур дар асоси 18 лоиҳа таи солҳои 2003 – 2007 дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон 100 млн. доллари амрикоӣ кӯмак намудааст.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






