КӮМАКИ ИТТИҲОДИ АВРУПО

Сентябрь 8, 2009 13:06

                Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон ба Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 93 ҳазор евро таҷҳизоти идорӣ тӯҳфа кард.                Аз ҷумла ба Раёсати хизмати давлатӣ компютерҳо, дастгоҳҳои чопи лазерӣ, стабилизаторҳо, дастгоҳҳои таъминоти қувваи барқ, барномаҳои компютерӣ ва ғайра тӯҳфа карда шуд. Таҷҳизоти тӯҳфашуда дар байни ҳамаи шӯъбаҳои минтақавии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти ҶТ тақсим карда мешавад.                 Кӯмаки мазкур дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо «Мусоидат ба ислоҳоти хизмати давлатӣ ва идораи самарабахш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расонда шуд.

Сентябрь 8, 2009 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад