КОНФРОНСИ ХУЛОСАВИИ ЛОИҲАИ «ВИЧ-СПИД ВА МУҲОҶИРАТ»

Сентябрь 28, 2009 17:12

                 Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – 29 сентябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Меркурий»-и пойтахт вохӯрӣ-конфронси хулосавӣ аз рӯи натиҷаҳои иҷрои лоиҳаи «ВИЧ-СПИД ва муҳоҷират» баргузор мегардад.                    Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд, дар ин чорабинӣ мутахассисони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ, намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ширкат хоҳанд варзид.                  Дар назар аст, ки дар вохӯрӣ-конфронс муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъзамҷон Мирзоев иштирок ва баромад мекунад.                  Бояд қайд кард, ки маблағгузории ин лоиҳа аз тарафи Бонки рушди Осиё амалӣ карда мешавад. Маблағи ин лоиҳа 500 000 доллар буда, мақсади асосии он баланд бардоштани савияи дониши муҳоҷирон аст.                  Дар рафти амалигардонии лоиҳа ба нуқтаҳои тиббии ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод баъзе таҷҳизоти тиббӣ ва техникӣ харидорӣ шудааст, ки пас аз хотимаёбии лоиҳа барои истифодаи бебозгашт дода хоҳанд шуд.

Сентябрь 28, 2009 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад