КОНФРОНСИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Сентябрь 29, 2009 11:23

                 Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 30 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба 20 — солагии қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон», инчунин оиди ҳаёт ва фаъолияти шоирони барҷастаи тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ ва Ҷалолиддини Румӣ конфронси миллӣ баргузор мегардад.                  Дар конфронс ҷонишини сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова, вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ, намояндагони вазорат ва ташкилотҳои дахлдор, зиёиёни эҷодкор ва васоити ахбори омма иштирок мекунанд.                   Тавре ки аз маркази матбуоти вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд, дар конфронс масоили вобаста ба забони давлатӣ, баргардони мафҳумҳои тиббӣ ба забони тоҷикӣ муҳокима мешаванд.                    Ба муносибати 20 — солагии қабули Қонун «Дар бораи забон» нашри луғати соҳавии тиббӣ ба забони тоҷикӣ ва паҳн кардани он ба муассисаҳои тандурустии мамлакат ба нақша гирифта шудааст.

Сентябрь 29, 2009 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад