КОРХОНАҲОИ РОССИЯ ИНТИЗОРИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК
Душанбе, 22 сентября. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Аз 23 то 26 сентябри соли ҷорӣ бо ибтикори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, ва ноҳияҳои Конибодому Ашт ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор мегардад. Аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ пешкаш ва таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷойҳои кории холӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад. Тибқи нақша дар чорабиниҳои мазкур ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби корхонаҳои «Содействие» — и Краснодар, «Сибир», «Маркази муҳоҷират»-и вилояти Свердловски Федератсияи Россия, корхонаҳои саҳҳомии «СК Перестройка», «Стройтрест №13», «Гранд», «Сохтумони диёр», «Биржаи меҳнатии ҷавонон», «Нақлиёт» ва «Томсон» пешниҳод мегарданд. Мувофиқи маълумотномаи Шўъбаи муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои мазкур метавонанд 2 ҳазору 500 нафар шаҳрвандони моро дар шаҳру навоҳии ин кишвар бо ҷойи кор таъмин намоянд. Ёдовар мешавем, ки ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ бо дастгирии молиявии Созмони байналмиллалии Меҳнат доир мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






