КОРХОНАИ МУРҒПАРВАРИИ ПАНҶАКЕНТ БАРҚАРОР МЕШАВАД
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Мутахассисони соҳаи мурғпарварӣ дар шаҳри Панҷакент ба барқарор намудани корхонаи мурғпарварӣ шурӯъ намуданд. Онро Вазорати кишоварзӣ ва корхонаи воҳиди давлатии «Саноати мурғпарварӣ» барқарор месозанд. Дар корхона баъди пурра барқарор гардиданаш 50 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад, аз ин ҷумла, 25 ҳазор сари онҳо мокиён мебошад. Ин имкон медиҳад, ки тамоми аҳолии шаҳру ноҳияи Панҷакент бо гӯшт ва тухми мурғ таъмин карда, маҳсулоти зиёдатӣ ба ноҳияҳои ҳамсоя ва пойтахт фиристода шавад. Мурғпарварони вилояти Суғд қарор додаанд, ки ба корхонаи мурғпарварии Панҷакент кӯмак расонда, ба он миқдори зарурии ҷӯҷа ва 1000 сар мокиён диҳанд. Тибқи қарори қабулшуда, корхонаи мурғпарварии Панҷакент то иди 20 — солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ пурра барқарор карда мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






