КОРХОНАИ ПАХТАИ КӮЛОБ БА ҚАБУЛИ ПАХТА ОҒОЗ КАРД
Кӯлоб, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Корхонаи «Пахтаи Кӯлоб» ба қабули пахтаи соли 2009-2010 шурӯъ кард. Ҷонишини сардори корхона Пӯлод Тошмадов дар бастагӣ ба ин мавзӯъ гуфт, ки корхона ба 30 хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Кӯлоб ва 55 хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Восеъ шартномабандӣ намуда, то ин ҷониб аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Восеъ беш аз 40 т пахта ба корхона ворид гардидааст. Ба гуфтаи ин манбаъ корхона дар ду баст фаъолият намуда, дар оянда метавонад 100 нафар коргаронро ба кор қабул намояд. Мавриди зикр аст, ки корхона соли сипаригар-дида 5400 т ашёи хом ва 3080 т чигити тухмиро коркард карда мувофиқи шартнома ба хоҷагиҳои деҳқонӣ таъмин карда буд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






