КУШТОР ДАР БУНГОҲИ МУБОДИЛАИ ПУЛ
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Тавре аз дафтари матбуоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 23 сентябр дар шаҳри Душанбе корманди бунгоҳи мубодилаи пул дар ҷои кораш кушта шуд. Ӯ Манучеҳр Мирзоеви 30-сола мебошад. Шахсони номаълум тақрибан соати 14.30 дақиқа ба назди М. Мирзоев даромада, ба ҷисми ӯ бо корд якчанд зарба заданд. М. Мирзоев дар роҳи шифохона дар дохили мошини кӯмаки таъҷилии тиббӣ вафот кард. Ба қавли кормандони милиса воқеаи мазкур ба ғорати пул вобаста нест, зеро ҳамаи пулҳои кассаи бунгоҳро касе нагирифта буд. Куштори мазкур сабабҳои дигар дорад ва кормандони мақомоти дахлдор онҳоро ҷустуҷӯ мекунад. Аз рӯи ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, нисбати он тафтишот давом дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






