МАҶЛИСИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МОЛИЯВИИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова ). — Имрӯз дар Душанбе маҷлиси нуҳӯми Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои ИДМ кушода шуд. Дар он намояндагон ва роҳбарони мақомоти назорати молиявии Арманистон, Русия, Украина, Қирғизистон, Белорусия, Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок менамояд. Маҷлисро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба муқобили ришвахӯрии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов кушод. Иштирокчиёни маҷлис нақши мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои ИДМ – ро дар бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва иқтисодӣ муҳокима мекунанд. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, парлумони мамлакат, Ҳукумат ва олимон сухан карданд. Ҳамаи онҳо аҳамият ва зарурати тақвияти нақши мақомоти олии назорати молиявиро дар таҳлилу баррасии вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва тадбирҳои марбут ба бартараф созхтани оқибатҳои бӯҳрон дар мамлакатҳои ИДМ таъкид намуданд. Хабар дода мешавад, ки раёсати Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои ИДМ дар давраи навбатӣ ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






