МАНБАИ ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ФАЪОЛИЯТИ ТЕРРОРИСТӢ

Сентябрь 29, 2009 15:14

                 Кобул, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар» — afghan.ru). – Бо ташаббуси Сафоратхонаи Эрон дар Афғонистон 28 сентябр дар Кобул бо иштироки намояндагони муассисаҳои дипломатии мамлакатҳои манфиатдор семинари байналхалқӣ гузаронида шуд. Дар он сафирон ва намояндагони Федератсияи Русия, мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, ИМА, Британияи Кабир ва мамлакатҳои дигар ширкат варзиданд.                 Иштирокчиёни семинар мавзӯъҳои марбут ба истеҳсоли ғайриқонунии маводи нашъадор ва қочоқи онро ба мамлакатҳои дигар муҳокима карданд.                   Волии вилояти Ҳилманд Гулоб Мангал ба хабарнигорон гуфт, ки истеҳсоли маводи нашъадор, фурӯши он ва фаъолияти дастаҳои мусаллаҳи толибон дар вилоят ба ҳамдигар алоқаи зич доранд. Қайд карда шуд, ки маблағи фурӯши маводи нашъадор барои таъминоти молиявии амалиёти силоҳбадастон сарф карда мешавад. Г.Мангал аз амалӣ гардидани барномаҳои ҳукуматии зидди маводи нашъадор дар вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки соли гузашта масоҳати парвариши зироатҳои нашъадор дар вилоят 30 фоиз кам шуд. Бо вуҷуди ин, вилояти Ҳилманд яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли маводи нашъадори Афғонистон ба шумор меравад.               Директори Хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Русия Виктор Иванов қабл аз ин Шӯрои амнияти СММ – ро даъват карда буд, ки ба ҳалли проблемаҳои истеҳсол ва паҳн намудани маводи нашъадор дар Афғонистон машғул шавад.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки бо вуҷуди амалиёти доманадори қисмҳои ҳарбии хориҷӣ ба муқобили толибон якчанд вулусволии вилояти Ҳилманд таҳти назорати силоҳбадастон қарор дорад.

Сентябрь 29, 2009 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад