МАРКАЗИ САНҶИШИ ДОНИШИ ЗАБОНИ РУСӢ БА КОР ШУРӮЪ НАМУД

Сентябрь 5, 2009 11:25

                Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова ). – Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия маркази минтақавии санҷиши дониши забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ ташкил карда шуд. Дар ин ҷо барои санҷиши дониши забони русӣ ариза қабул карда мешавад. Чунин марказ дар назди вазорати маорифи Федератсияи Русия дар шаҳри Маскав низ ташкил ёфтааст.                 Ду омӯзгори Донишгоҳи славянӣ барои санҷиши дониши муроҷиаткунандагон дар Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо» — и Федератсияи Русия курси махсусро хатм намуданд.                Онҳо пеш аз санҷиши дониши забони русӣ бо муроҷиаткунандагон чанд машғулият гузаронида, онҳоро бо тартиби иҷрои супоришҳо ва пур кардани саволномаҳо ва варақаҳои тестӣ шинос мекунанд.                 Дар ин ҷо дониши муроҷиаткунандагон аз рӯи шаш зина санҷида мешавад. Дар зинаи аввал қоидаҳои соддатарини забони русӣ санҷида мешаванд. Онҳое, ки аз санҷиши зинаи аввал мегузаранд, дар Русия ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ кор карда метавонанд. Онҳое, ки аз санҷиши зинаи дуюм мегузаранд, барои шаҳрванди Русия гардидан имкон пайдо мекунанд. Дар мавриди гузаштани зинаҳои минбаъда дохил шудан ба мактабҳои олии Русия, таълими забони русӣ дар мактабҳои миёнаи ин мамлакат имконпазир мегардад.

Сентябрь 5, 2009 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд