МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БЕМОРХОНАИ КӮДАКОНА

Сентябрь 5, 2009 10:45

               Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – 4 августи соли ҷорӣ маросими расмии ба истифодадиҳии беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемориҳои сил дар шаҳри Душанбе, баъди таъмири капиталӣ, баргузор гардид.                Дар маросими ифтитоҳи беморхона намояндагони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, лоиҳаи Хазинаи Глобалӣ дар Тоҷикистон, инчунин намояндагони раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ширкат намуданд.                Тавре дар баромади худ мутахассиси амалигардонии лоиҳаҳои Хазинаи Глобалӣ дар Тоҷикистон Салебан Омар зикр намуд таъмири ин беморхона охири соли 2008 сар шуда, моҳи майи соли 2009 ба анҷом расид, ки барои таъмир ва таҷҳизонидани он беш аз 350 ҳазор сомонӣ масраф шуд.               Инчунин, сардухтури беморхонаи кӯдаконаи бемориҳои сил дар шаҳри Душанбе Сафаралӣ Исмоилов қайд намуд, ки дар беморхонаи мазкур кӯдакони то синни 12 -сола табобат карда мешаванд, ки дар он беш аз 50 кат мавҷуд аст. Дар ин беморхона натанҳо беморони шаҳр, балки аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ табобат карда мешаванд. 

Сентябрь 5, 2009 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад